Ҷинояткории қумондони пулис ва ташвиши сокинон
Сокинони музофоти Урузгони Афғонистонро амалҳои ҷиноии қумондони пулиси маҳаллӣ ба ташвиш овардааст,-менависанд хабаргузориҳои давлати исломӣ.
Бино ба иттилои расонаҳо Абдулраҳим Шоҷоҳӣ дар маҳалли Хас Урузгон ба ҷинояткорӣ даст зада, мардумро ғорат мекунад. Ба шаҳодати сокинон ин қумондон ба номуси занону духтарон таҷовуз карда, сокинони осоишта, бо шумули кӯдакону пиронсолонро мекушад.
Хабаргузориҳои Афғонистон мегӯянд, Абдулраҳим Шоҷоҳӣ пуштибони худро низомиёни амрикоӣ арзёбӣ карда, ба ҷиноят даст мезанад.
Соли сипаришуда Абдулраҳим Шоҷоҳӣ бо иттиҳоми чанд куштор боздошт шуд, аммо баъдан ӯро раҳо карданд. Тибқи бархе маълумотҳо ӯ бо мусоидати дуюмин ноиб-президенти Афғонистон Муҳаммад Карим Халилӣ озод шудааст.