Занги охир дар мактабҳои Тоҷикистон 7 июн садо медиҳад
Имсол занги камолот ё занги охир дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн садо хоҳад дод.
Вайсиддин Исмоилов, мутахассиси пешбари Раёсати ташкилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф, дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, “дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф аз моҳи декабри соли 2012 нақшаи таълимӣ, таҷдиди назар карда шуд. Пештар 34 ҳафтаи таҳсил буд, лекин ҳисобот нишон доданд, ки дар давраи истиқлолият рӯзҳои ҷашну идҳо 14 рӯзро ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз хонандагон 34 ҳафтаро, ки дар нақшаи таълимӣ нишон дода шудааст, пурра намехонанд. Бино бар ин, занги камолот аз 25-уми май ба 7-уми июн гузаронда шуд, ҳамин аст”.
Қаблан, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов аз 18-уми октябри соли 2010, таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳориро бекор карда, таътили зимистонаро то як моҳ дароз намуда буд.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф эълон кард, ки соли хониш то 10-уми июн идома меёбад, вале баъдан боз ин қарори худро тағйир дода, санаи баргузории "Занги камолот"-ро ба 31-уми май таъин кард. Ҳамин тариқ, соли сеюм аст, ки занги охир дар Тоҷикистон на чун қабл 25-уми май, балки дертар садо медиҳад.