Бозии рафиқонаи мунтахаби Тоҷикистону Филипин лағв шуд
Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Филипин оид ба футбол, ки мебоист 11-уми июн дар варзишгоҳи “20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардид ба вақти дигар гузаронида шуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин пешниҳод аз ҷониби Федератсияи футболи Филипин (ФФФ) иттифоқ афтодааст: “Қарор буд, ки мунтахаби футболи Филипин рӯзи 8-уми июни соли равон барои баргузории як бозии дӯстона ба Тоҷикистон меомад. Аммо аз ФФф ба мо хабар доданд, ки барои баргузории бозӣ дар рӯзи муайяншуда омада наметавонанд ва бозӣ дар рӯзи дигар гузаронида хоҳад шуд.”
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 4-уми июни соли равон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо яккачини Афғонистон бозии рафиқона анҷом медиҳад.