Айпадҳо ба ҷавонон. Об медиҳанду гулоб мехоҳанд?
Галина ЮНУСОВА
Айпадҳо ба донишҷӯён. Навбат ба маъюбон.
Тоҷикистон кишвари бой аст! Замин мехоҳед? Марҳамат, биёед! Тоҷикистон замини бисёре дорад!
Парчам… Хуб, дар ин хусус аллакай навишта будем… Фақат як чиз мегӯям: бешубҳа, як амали барбоддиҳии пули ҳангуфт буд.
Ана, чизи нав: Айпад барои донишҷӯён! Миллион доллар барои кори хайр – ин фармудаи Офаридгор аст!
***
Ба сарам як фикр омад… 8-уми июн дар Тоҷикистон рӯзи маъюбон ва пиронсолон аст. Чӣ туҳфае аз ҷониби ҲУКУМАТ онҳоро интизор аст? Илова ба нафақа ба миқдори 19 сомонию 53 дирам?
Ҳукуматдорони муҳтарам, Шумо медонед, ки як аробачаи маъюбӣ барои калонсолон чанд сомонӣ нарх дорад? Барои кӯдак чӣ? Аробачаҳои пешрафта бо лавҳаи идора, устувории баланд ва чархҳои хӯрданашаванда не, балки аробачаҳои оддиро мегӯям... Медонед? Қиматанд. Хеле қиматанд. Ба ҳадде, ки ягон нафар, ки дар Тоҷикистон барои маъюбӣ нафақа мегирад, дар тамоми умр пули онро ҷамъ карда наметавонад. Ҳатто агар ҳеч чиз нахӯраду нанӯшад.
Айпад як чизи зарурӣ барои ҳаёт нест, ба хусус дар мо. Бо вуҷуди ин, донишҷӯ, агар хоҳад, имкон дорад барои хариди он пул ҷамъ кунад. Барои айпад, айфон ё ягон ай-чизи дигар, агар кӯшиш кунад, пул ёфта метавонад… Аммо бобою бибиҳо аз хонаҳои пиронсолон дигар ҲАРГИЗ имкони пашизе ёфтан барои ҷанозаи хуби худашон надоранд, хӯроки хубу дорувории лозимӣ он тараф истад.
Ҷунбишу ҳаракатҳои зиёди хайрхоҳон, бидуни шак, хонаҳои пиронсолону маъюбони кишварро бидуни аҳамият намегузоранд… Аммо ин ҳама корест, ки бояд ҳукумат иҷро кунад. Бо истифодаи маблағҳои буҷа, чунки мо маҳз ба ҳамин хотир андоз месупорем. Чунки ин КОРИ ҲУКУМАТ АСТ, ВАЗИФАи ҳукуматдорон аст!
2200 айпад, ҳар кадом бо нархи 500 доллари ИМА... Бештар аз як сол аст, ки манзараи даҳшатноки интернати кӯдакони фалаҷ дар Хирманак аз пеши чашмонам дур намешавад. Бинои калони нимавайрони бетонӣ, ки дар он тамоми сол кӯдакони хурд ва бемор зиндагӣ мекунанд. Кӯдаконе, ки ба хӯроки хуб, табобат ва нигоҳубин ниёз доранд. Ҳоҷатхона нест: кӯдакон ҳар ҷое, ки расанд, мешинанд – дар ҳавлӣ, таҳхона, бинои ҳавзе, ки гӯиё пас аз таркиши бомба валангор шуда бошад. Ҷой барои оббозӣ ҳам нест – онҳоро дар ҳаммом ҳафтае як бор мешӯянд. Ин «ҳаммом» як хоначаи хурд аз хиштҳои бетонӣ аст, ки дар маркази ҳавлӣ ҷойгир шуда, гарм карда намешавад ва дар он ваннаи куҳнаи зангзадаест, ки ба он аз лӯлаи зангзада оби сард мерезад.
Зимистон онҳо қариб барқ надоранд. Муддати дароз кӯдакон дар фасли зимистон рӯзона имкони хӯрдани ғизои гармро надоштанд; хӯроки нисфирӯзиро саҳар, вақти барқ будан, омода карда, дар кӯрпаҳо гарм нигоҳ дошта мешуданд. Он ҳам бо як манқали барқӣ, ки базӯр гарм мешавад. Агар гӯем, ки он ҷо шароити куллан зиддибеҳдоштист – ҳанӯз чизе нагуфтаем. Ин кӯдакон ягон чиз надоранд, ки аз худашон бошад. Танҳо ҷои хоб бо ҷойпӯши куҳнаю ношуста ва як-ду даст либос, ки дар ҳамон ҳаммом шуста мешаванд ва қуттӣ бо бозичаҳои куҳнаю шикаста – як қуттӣ барои ҳама. Бозичаҳои нав, ки меҳмонон туҳфа мекунанд, дар «хонаи бозӣ» дар ҷевон барои нишон додан ба комиссия пинҳонанд.
Дертар бо кӯшиши волонтерҳо ва дастгирии Вазорати маориф (он ҳам бо пофишории зиёд ва ба ҳадде маҷбур кардани ин вазорат ба дастгирӣ) дар интернати мазкур таъмир оғоз шуд.
Медонед, чунин интернату кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон чандтоанд ва онҳо дар кадом ҳолатанд?
Ҳукуматдорони муҳтарам! Агар дар буҷаи шумо боз як миллионак коғазаки сабзи зиёдатӣ ёфт шуд, хоҳиш мекунам, аз паи иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ бошед ва мунтазир нашавед, ки кай волонтерон ва дигар одамони боғайрат ин корҳоро ба ҷои Шумо амалӣ мекунанд!