Назарбоев бовар дорад, буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ поён наёфтааст
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, мегӯяд, буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба поён нарасида, ҳамоно идома дорад.
Оқои Назарбоев, ки дар ин бора зимни ҳамоиши иқтисодие дар Остона суханронӣ мекард, таъкид кардааст: “Талошҳо барои пули осон ба даст овардан, мудирияти нодурусти молии ҷаҳонӣ ва манфиатҷӯию худхоҳии масъулони иқтисоди ҷаҳонӣ боиси идома пайдо кардани буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ гардидааст.”
Ин дар ҳолест, ки Алексей Власов, раиси Маркази мутолеоти сиёсии “Шимол-Ҷануб”, мегӯяд, масоили матраҳкардаи Назарбоев мавзӯи баҳсу баррасии чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ метавонад бошад.
Власов гуфтааст, бо суханони раисиҷумҳури Қазоқистон, ки “ба назари ман ояндаи нигаронкунадае хоҳем дошт”, мувофиқ мебошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, тайи чор соли гузашта аз будҷаи иқтисоди ҷаҳонӣ хазинаҳои ҳангуфте шуд. Вале бедуни натиҷа.
Назарбоев таъкид кардааст, мудирияти буҳрон ниёз ба танзими паймони ҷаҳонӣ дорад. Дар ҳамин ҳол, Власов мегӯяд, “ба назари ман буҳрони эътимод ба нафс, амиқтар аз солҳои 2008-2009 мебошад ва ҳоло бизигарони аслӣ ҳар кадом барои наҷоти худ талош доранд.”