Шикояти як шаҳрванди Вйетнам аз болои Зайд Саидов
Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Хоанг Ван Хиеп -- як шаҳрванди Вйетнам алайҳи Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, ки ҳоло дар боздошт аст, аризаи шикоятӣ додааст.
Ба қавли масъулони ин ниҳод, шаҳрванди Вйетнам дар аризаи шикоятии худ аз “ҳаракатҳои ғайриқонунии Зайд Саидов” ёдоварӣ намудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулон, бо ҳамин мазмун як шаҳрванди Тоҷикистон низ ба онҳо шикоят бурдааст.
Оҷонси мубориза бо фасод мегӯяд, рӯзи 23-юми майи соли 2013 аз натиҷаи баррасии аризаҳои мазкур нисбат ба Зайд Саидов бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 (қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба миқдори махсусан калон), банди «б» қисми 4 моддаи 250 (тамаъҷӯӣ бо мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк) ва қисми 3 моддаи 314 (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуд.
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19 майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳам ҳукм кард, ки ӯ то ду моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрел эълон кард, Тоҷикистон нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.
Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллуби 2 миллион сомонӣ ва чандҳамсарӣ, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ғайриқонунист, муттаҳам мешуморанд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст.