Ҷанҷоли ронандаҳои шарик бо куштор анҷомид
Мақомоти пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров бо иттиҳоми куштор, Олег Насибулини 26 - сола, сокини сокини кӯчаи Зардушти шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, боздоштшуда рӯзи 21 -уми майи соли равон тахминан соати 22:30-дақиқа дар ҳудуди ҶДММ «Тоҷиктара», воқеъ дар кӯчаи Хабилови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд Иван Печёнкини 48-сола, сокини ҳамон ҷой, ки бо ҳам ба рондани автомашинаи тамғаи «Шаанчи-Долун» машғул будаанд, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латту кӯб мекунад.
Дар натиҷа, Иван Печёнкини, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.