Аксҳо аз ҷараёни бозсозии пуле бар фарози дарёи Душанбе
Ин шабу рӯз яке аз пул ё купрӯкҳои болои дарёи Душанбе, ки шарқу ғарби пойтахтро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди бозсозӣ қарор дорад.
Шоҳроҳи нав мувофиқи нақша бояд дар идомаи кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (маъруф ба “Бетонка”), ки қад-қади дарёи мазкур тӯл кашидааст, сохта шуда ва ин кӯчаро бо чорроҳаи бозори Корвон (маъруф ба “Автосентр”) хоҳад пайваст. Роҳи нав аз зери пули мазкур, ки дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ҷойгир аст, бояд гузарад.
Нисфи купрӯк ё пул дар қисми ғарбии дарёи Душанбе канда шуда, барои сохтани роҳ омода карда мешавад ва пас аз итмоми сохтмони қитъаи роҳ, худи купрӯк низ бозсозӣ хоҳад шуд.
Алҳол ҳаракат аз Сирки давлатӣ ҷониби Иттиҳоди нассоҷӣ тавассути хиёбони Саъдии Шерозӣ маҳдуд буда, як хати роҳ аз ҷониби мухолифи ҳаракат ба ин ҷиҳат гузошта шудааст.
Дар ин бора аксҳои Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”-ро бубинед.