Чаро мақомот якбора ба Зайд Саидов дарафтод?
Абдулазизи ВОСЕЪ
Агар муаллим, шоир, нависанда, табиб, фурӯшанда, тракторчӣ ё ақаллан тоҷир мебудам, бидуни ҳеч дудилагӣ ба гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав мепайвастам. Аммо пешаи рӯзноманигорӣ ба ман ин иҷозаро намедиҳад.
Вазъияте, ки ҳамагон дар ин шабу рӯз шоҳиди он ҳастем, боястӣ, ҳар нафари андешамандро такон бидиҳад. Аз имрӯз, фардо ва ояндаи худу фарзандон, ояндаи кишвару миллат биандешад…
Аслан пешгӯикунанда буд, ки ҳар тасмим дар мавриди таъсиси ҳаракат ё ҳизбҳои сиёсии ғайрикисагӣ ҳатман ба вокунишҳо рӯбарӯ мешавад. Барои далел кофист, ки аз ҳизбҳои Ваҳдату Тараққиёт мисол бизанем, ки талошҳои давомдорашон пушти дари Вазорати адлия барои сабти ном бенатиҷа монд. Ин намунҳоро дар масали мардумӣ «об дар ҳован кӯбидан» мегӯянд.
Аммо шеваи ҳамлаи дастаҷамъиро дар намуди нав алайҳи лидери Тоҷикистони нав касе интизор надошт. Бале, манзур қазияи Зайд Саидов аст, ки аллакай бештари коршиносон ба сиёсӣ будани он ишора мекунанд. Дар ин маврид қариб тамоми ниҳодҳои давлатӣ даст ба кор шуданд. Прокуратура ҳам аз худ дарак дод, додгоҳу агентии мубориза бо фасод низ, ҳоло дар бораи анҷумани соҳибкорон дертар хоҳем гуфт.
Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе ӯро дар зудтарин фурсат аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кард (дар ин вақт аллакай Зайд Саидов боздошт шуда буд). Телевизион ҳам қафо намонд ва дар сиёҳ кардани Зайд Саидов бо пешниҳоди гузоришҳо саҳми худро гузошт. «Нависанда»-ҳо ҳам бекор намонданд. Кадом як Мамадазизов дар маҷмӯаи ҳаштсаҳифаӣ гӯиё чеҳраи воқеии Саидовро ба мардум ошкор кард. Дар нашрияҳои давлатӣ матлабҳои зидди саидовӣ зиёданд. Бояд қайд кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ин қазия нақши калидӣ дорад.
Акнун ҳоло бештари ҳамраҳонаш, ки ҳамеша паҳлӯяш буданд, яке-яке гурӯҳи ташабускорро тарк карданд (ҳарчанд ҷойи онҳо холӣ намонд ва нафарони маъруфе, назири Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Барзуи Абдураззоқ, Ғуломиддин Сайфиддинову Темур Варқӣ дарҳол ба гуруҳи ташаббускор пайвастанд).
Шӯрои ҳамоҳангсозии асосиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро, ки раҳбарии ӯро Зайд Саидов бар уҳда дошт, барҳам заданд.
Дар робита, саволҳои зиёд интизори посуханд. Чаро мақомот якбора ба Зайд Саидов дарафтод? Магар имкон надошт, ки ҳизбашро сабти ном накунад? Тавре боло ишора кардем, дар ин кор таҷриба ҳам доранд. Чаро дар арафаи интихоботи президентӣ якбора аз чунин шева кор гирифтанд? Магар фикр накарданд, ки ин қазия метавонад ба имиҷи кишвар латма ворид созад? Махсусан дар соле, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Чӣ омил сабаб шуд, ки мақомот худро ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ бикашанд?
Ба ин саволҳо шояд ҳар нафар посухи худро дошта бошад, вале ба ростӣ ман ҷавобе пайдо накардам. Танҳо андешаи бархе соҳибназарон, ки мегӯянд обрӯ ва маъруфияти Зайд Саидов сабаби чунин бархӯрд бо ӯ шуд, ба мантиқ дуруст менамояд. Зайд Саидовро тоҷири муваффақ ва пойбанд ба арзишҳои инсониву мусалмонӣ муаррифӣ мекунанд. Нафаре, ки натиҷаи кораш барои аксар маълум аст. Шахсе, ки танҳо фикри худро намекунад, дар андешаи дигарон низ ҳаст.
Дар ин қазия як савол аз рӯзи аввал азиятам медод ва то ин соат ҳам натавонистам ба он посух пайдо кунам. Ҳамаи ҷурмҳое, ки алайҳи Зайд Саидов эълон карданд, амалҳое нест, ки ӯ баъд аз тасмим дар мавриди Тоҷикистони нав анҷом дода бошад. Масалан, додситонии шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия аз бисёрзании ӯ хабар дод. Оҷонсии зиддифасод ҳам чанд ҳолатро ном бурд, ки аслан ба замони вазири саноат будани вай- солҳои 2006 рост меояд. Яъне, мақомот то имрӯз аз ин ҳолатҳои зидди қонунии Зайд Саидов магар хабар надоштанд? Агар медонистанд, пас бояд онҳоро низ ҳамроҳ бо Саидов ба ҷавобгарӣ кашид, зеро ҷиноятҳоро дидаву дониста рӯпӯш кардаанд.
Мани журналист, ки дар ҷараёни ҳамаи ин хабару гузоришҳо қарор дорам, ба назар мерасад, аз ҳама кори дунё «бехабар» будаам. Шумо чӣ?