Раҳмон аз ҷавонон хост, то бигӯянд: Ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшам!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷавонони кишварро ба омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ, даъват карда, аз онҳо хост, дар пешрафти кишвар саҳм бигузоранд. Ӯ ин нуктаро рӯзи 23-юми май, дар дидор бо гуруҳи ҷавонон баён дошт.
Вале оқои Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “баъзе наврасону ҷавонон баъд аз хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд...”
Ин аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷавонон хост, худшинос бошанд ва ҳамчун намуна гуфт: “Агар аз ман пурсанд, дар бораи ояндаи Тоҷикистон чӣ андеша дорам, ҷавоби ман чунин хоҳад буд: “Ман ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинам, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа бошад”.
Вай илова кард, “дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, нерӯманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар ҳама ҷой бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки “Ман тоҷикам!.. Ман Ватани зебо ва давлати ободе дорам, ки номи муқаддаси он Тоҷикистони озод аст. Ман аз ин ватан ифтихор дорам, онро соҳибӣ мекунам ва обод месозам. Ман ҳастии худро, ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшам!”
Ба қавли президент Раҳмон, ҳар сол шумораи аҳолии кишвар то 200 ҳазор нафар зиёд мешавад ва тибқи маълумоти оморӣ дар зарфи 21 соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 4 миллиону 200 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шудааст.
“Шумораи умумии шаҳрвандони то 30 - солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 фоизи аҳолӣ мебошад. Таносуби кӯдакон ва ҷавонон нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори синнусолии аҳолӣ аксаран аз ҷавонон иборат буда, синни миёнаи аҳолии мамлакат 25 солро ташкил медиҳад”,-афзуд ӯ.