Додгоҳи олӣ қарор кард, ки вазири тоҷик дар зиндон бимонад
Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми суди шаҳри Бишкекро дар бораи Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, бетағйир боқӣ гузошт.
Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Равшан Собиров, мегӯяд, ки Додгоҳи олии Қирғизистон дар рафти мурофиа ба хато роҳ додааст: "Собиров ба Додгоҳи олӣ шикояти нозирӣ навишт ва дар робита бо ин ман ӯро дастгирӣ карда, имкон додам дар ин мурофиа баромад кунад, аммо додгоҳ ба ӯ ҳаққи иштирок дар онро надод.”
Айтқулов меафзояд, қасд дорад ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят барад.
Ёдрас менамоем, рӯзи ҳафтуми марти соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Бишкек мурофиаи Равшан Собировро ба поён бурда, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. Ин додгоҳ ҳамчунин гуфта буд, тамоми амволи Собиров бояд мусодира гардад.
Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.