Ҷасади духтари 20-сола аз дарёи Сир ёфт шудааст
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд ҷасади духтари 20-солае, ки худро ба дарёи Сир партофта буд пас аз чор рӯз дарёфт гардидааст.
Тавре Наргис Нурова масъули ниҳоди мазкур ба “Озодагон” иттилоъ дод, 19-уми майи соли равон, Муслима Солиева, соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи, ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сир мепартояд.
Ҷасади номбурда дар натиҷаи кофтукоб рӯзи 22-уми май, соати 15:45 дақиқа, аз тарафи гурӯҳи наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дарёфт гардида, ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд супорида шудааст.