Ҳиндустон муштоқи ба даст овардани урани Узбакистон аст
Муҳаммад Ҳомид Ансорӣ, муовини нахуствазири Ҳиндустон, гуфтааст, кишвараш алоқаманди харидории урани Узбакистон мебошад.
Муовини нахуствазири Ҳиндустон, ки дар доираи як сафари расмӣ зери раҳбарияти ҳайате дар Тошканд қарор дорад, омодагии кишварашро дар мавриди харидории урани Узбакистон эълон кардааст. Ансорӣ гуфтааст, Узбакистон дорои захоири бойи уран мебошад ва Ҳиндустон алоқаманди таъмини худ бо уран аз Узбакистон мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан эълон гардида буд, як ширкати амрикоӣ аз соли 1992 ба ин сӯ тавлиди уран дар Узбакистонро бар ӯҳда гирифта, қарор аст, ин шартнома аз соли 2005 то 2013 тамдид шавад. Вале дар моҳи августи соли 2012 дар пайи сафари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ба Ҷопон дар ин маврид таҷдиди назар шуда, Тошканд тавлиди уранро дар ихтиёри Ҷопон гузошт.
Бино ба иттилои хадамоти иттилоотии маъданҳои уран ва мутахассисони заминшиносӣ ҳоло захоири урани Узбакистон 186 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.