Боздиди ёвари дабири кулли Созмони Милал аз зиндонҳои Тоҷикистон
Шоми 22-юми май ҳайати намояндагони Созмони Милал ба роҳбарии Иван Шимонович, ёвари Дабири кулли СММ, аз зиндони рақами 4-и шаҳри Душанбе боздид анҷом доданд.
Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, дар ин сафар намояндагони СММ-ро Рустам Менглиев, вазири адлия ва Изаттулло Шарифов, сардори Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳамроҳӣ кардаанд.
Ҷаноби Муродов афзуд, намояндагони Созмони Милал бо вазъи манзилҳои мулоқотии муваққатию шабонарӯзӣ, ошхона, чойхона, китобхона, масҷид, ҳавзи моҳипарварӣ, гармхона ва майдони зироаткории зиндон ошно шудаанд.
“Ҳамчунин мулоқот ва вохӯрии намояндагони СММ бо маҳбусони муассисаи ислоҳи рақами 4 доир шуд. Иван Шимонович ва дигар аъзои гурӯҳ аз вазъи нигаҳдорию муносибат, риояи ҳуқуқҳои маҳбусон, таъмини талаботҳои қонунӣ ва дигар масоили марбут дар фазои озод бо маҳбусин суолу ҷавоб намуданд. Ҳайати намояндагон, ба вежа роҳбари он ҷаноби Шимонович аз вазъи муасиссаи мазкур изҳори қаноматмандӣ намуданд”,-афзуд Одинашо Муродов.
Ташрифи ҳайати намояндагони Созмони Милал ба Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба анҷом мерасад.