“Равшан”-и Кӯлоб холҳояшро бо “Истиқлол” баробар кард
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб тими “Хайр”-и Ваҳдатро шикаст дод. Ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ буда, соати 17:00-и рӯзи 22-юми май дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Голи ягонаи меҳмононро Дэвид Мауто, легионери африқоии “Равшан” дар дақиқаи 63-юми нимаи дувуми дидор вориди дарвозаи мизбонон намуд.
Ҳамин тариқ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 6 бозӣ анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Равшан” низ аз 6 бозӣ 18 хол ба даст оварда мутаносибан дар зинаи дуюм нишастааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз 6 бозӣ 13 имтиёз гирифта, ҷойи сеюмро ба худ ихтисос додааст. “Парвоз” ва “Хайр”, ки мутаносибан 10 (аз 7 бозӣ) ва 8 (5 бозӣ) имтиёзӣ доранд, дар зинаҳои чор ва панҷуми ҷадвали мусобиқаанд.
Голзанҳои беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -- 7 тӯб, Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”), Юҷин Сепуйя (“Истиқлол”) ва Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3 тӯбӣ.