Вазир кормандони Маркази бемориҳои қалбро аз кор “холӣ кард”
Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, бархе аз кормандони Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалбро аз вазифаҳояшон барканор кардааст.
Ин барканориҳо дар пайи фавти як сокини 72-солаи ноҳияи Фархор, ки рӯзи 20-уми май аз ошёнаи дуюми Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалби Тоҷикистон худро ба замин партофта буд, сурат гирифтааст.
Тавре сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон Фотима Ғоибова ба Озодагон гуфт, ҳоло сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалби Тоҷикистон бо ду муовин ва ду навбатдору мудири шуъба аз вазифа озод шудаанд.