Муҳоҷирони тоҷик забони русиро бояд омӯзанд
Дар қароргоҳи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мулоқоти сарвари хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо намояндагони созмонҳои тоҷикони шаҳрҳои Маскав, Санкт - Петербург ва аъзои шӯрои ҷамъиятии назди сафорат доир гашт.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд. Бино ба иттилоъи ин манбаъ дар ин дидори нахустини масъули хадамоти муҳоҷират намояндагони 16 созмони ҷамъиятии тоҷикони дар минтақаи Маскав фаъолиятдошта ва ҳамчунин созмонҳои тоҷикони Санкт- Петербург, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ ширкат доштаанд.
Сафиалло Девонаев, сарвари хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳозиринро бо фаъолияти хадамоти тозатаъсис, самтҳои амалкарди он, вазифаҳои дар назди худ доштаашон шинос намуда, ҳамчунин муҳимияти фаъолияти ҳамдастонаи хадамоти муҳоҷират ва созмону диаспораҳои миллиро дар роҳи ҳифзи ҳаққи муҳоҷирин дар Русия таъкид дошт. Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ барои рушду фаъолияти густурдаи ин ниҳод изҳори омодагӣ намуданд.
Намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон таъсиси маркази ягонаи муҳоҷирати кории берунаро бо истифодаи таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон, роҳандозии дурусти интихоб ва фиристодани муҳоҷирин барои кор ба хориҷ, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ, таҳия ва роҳандозии ҳатмии суғурати иҷтимоӣ ва тиббии муҳоҷирини кориро пешниҳод намуданд.{jathumbnail off}