ЗАЙД САИДОВ
Собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби тозатаъсиси Тоҷикистони нав соли 1958 дар деҳаи Шодмони ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаро соли 1976 хатм карда, соли 1978 ба факулати иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил мешавад.
Аз моҳи октябри соли 1993 то моҳи июни соли 1999 ҳамчун раҳбари Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “Халиф” дар шаҳри Маскав фаъолият кардааст.
Аз моҳи июни соли 1999 то оғози соли 2002 раҳбари Кумитаи давлатӣ оид ба саноат ва аз моҳи январи соли 2002 то соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.
Дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ (2013) раҳбарии гуруҳи ташаббускори ҳизби нави Тоҷикистони навро бар ӯҳда дошт. Ӯ ҳамчунин раиси Федератсияи тенниси рӯи мизӣ аст.