Бразилия аз "гуноҳ"-и шаҳрванди бемори Тоҷикистон гузашт
Сафорати Бразилия дар Русия, даъвои худро нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон -- Абдуллоҳ Бобозода, ки рӯзи 18-уми май ба суйи дарвозаи намояндагии Бразилия дар Маскав санг партофта буд, пас гирифтааст.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, “Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба он ки шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоҳ Бобозода ба суйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, ҳануз рӯзи аввал изҳор дошта буд, ки ин қазия ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ надорад. Мо мутмаин будем, ки ин ҷавони тоҷик гирифтори бемории руҳист, аммо то замони пурра арзёбии қазия аз расман эълом доштани ин андеша худдорӣ намуда будем.”
Ба қавли Эгамзод, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дастур дода буд, ки ҷузъёити ин ҳодиса ба пуррагӣ таҳқиқ гардад: “Рӯзи 22-юми май мулоқоти масъулини Сафорат бо модари Абдуллоҳ -- Назира, ки аз ҳодисаи писараш огоҳ набуд ва дар пайи ҷустуҷуйи писараш ба Хадамоти Консулии Сафорат муроҷиат намудааст, баргузор гардид. Ин бонуи тоҷик хабар дод, ки писараш аз қисмати шимоли Русия, ки дар онҷо дар Донишгоҳи федеролии Шимолу Арктикии ба номи М. Ломоносов (САФУ) таҳсил дошт, бинобар бад шудани вазъи саломатияш тариқи қатора ба Маскав, назди модараш ба роҳ баромада буд. Аммо, ӯ таи ин сафар борҳо дар истгоҳҳои мухталиф аз қатора поён шуда, тавассути роҳҳои дигар худро то ба пойтахт расондааст. Ҳамшарикони таҳсилаш низ гуфтаанд, ки бинобар хуруҷи нави бемори Абдуллоҳ вақтҳои охир дар холати нофаҳмои асабӣ қарор доштааст. Пеш аз сафар ва ҳини расидан ба Маскав ӯ ба касе занг назадааст.”
Модари Абдуллоҳ тасдиқ намудааст, ки ҳанӯз 28 ноябри соли 2011 писарашро мошин зада буд ва ӯро дар ҳолати вазинин ба Бемористони вилоятии шаҳри Архангельск оварда буданд. Ташхис нишон дода аст, ки номбурда осеби вазнини майнаи сар бардоштааст (ушиб головного мозга тяжелой степени с формированием множественных контузионных очагов в левом полушарии мозга) гирифтааст. Ӯ ҷарроҳии вазнини сарро гузаронида, дар таҳти назорати табибони соҳа қарор доштааст.
Муҳаммад Эгамзод таъкид намуд, ки дар ихтиёри Сафорат феълан тамоми ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи он, ки шаҳрванд Абдуллоҳ Бобозода бемор аст ва ба ин иқдоми ноҷо дар ҳолати вазъи муташанниҷи саломатии руҳӣ даст задааст: “Бо назардошти он ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, Сафорат тасмим гирифтааст якҷоя бо намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҳалли мушкили ин шаҳрванди Тоҷикистон кумаку мусоидат намояд. Феълан, масъалаи таъмину ӯ бо вакили мудофи дар рафти тафтишот ва агар лозим ояд -муроифиаи суди, барраси шуда истодааст. Сафорат ҳамаи ин асноди тиббиро, ки Беморхонаи вилоятии Архангельск расман додааст, дар ихтиёри тафтишот мегузорад.”
Муҳаммади Эгамзод, илова намуд, ки “мо аз Сафорати Бразилия дар Русия, ки бо дарки вазъияти баамаломада ва хоҳиши ҷониби Тоҷикистон даъвои худро нисбати шаҳрванди мо пас гирифтааст, изҳори сипос менамоем ва ин иқдоми башардустонаро ҷавобгуйи муносиботи хасана ва дӯстонаи миёни кишварҳоямон арзёбӣ менамоем. Ҳамчунин, умед дорем, ки мақомоти тафтишотии Русия бо назардошти ин ҷузъиёти муҳим, қазияро мунсифона баррасӣ хоҳад кард.”