Сафари футболбозони навраси тоҷик ба Баҳрайн. Аз бозии санҷишӣ то “Ҷоми Каспий”
Субҳи имрӯз, 23-юми май, дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) зери раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ -- Чикиши Сузуки барои тамрин дар тӯли як ҳафта ба Баҳрайн парвоз намуд.
Сузуки ба тими мазкур 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст.
Тими наврасони Тоҷикистон дар Баҳрайн ду бозии санҷишӣ анҷом дода, сипас ба Боку барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии “Ҷоми Каспий” сафар менамояд. Дар онҷо рақиби мунтахаби наврасони тоҷик дар даври пешакӣ тимҳои Уругвай (29 май) ва Ҷопон (30 май) хоҳад буд.