Темур Варқӣ ба гуруҳи ташаббускорони Тоҷикистони нав пайваст
Темур Варқӣ, адиб ва шоири русзабони Тоҷикистон, 22-юми май расман ба гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав пайвастааст.
Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускор дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ҷаноби Варқӣ барои ворид шудан ба гурӯҳ муроҷиат кардааст ва гуруҳ хоҳиши ин адиби шинохтаро пазируфт: "Темур Варқӣ бо муроҷиати худ аз шакли мубориза бо ҷонибдорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳори нигаронӣ карда ва ворид шудан ба ин гурӯҳро вазифаи қарзии инсонӣ ва шаҳрвандии худ унвон намуд».
Темур Варқӣ ҳамзамон гуфтааст, дар чунин лаҳзаҳои вазнин бояд бо ҷонибдорони ин гурӯҳ бошад ва ҳар коре аз дасташ меояд, барои расман таъсис ёфтани ин ҳизб анҷом хоҳад дод. Инчунин давоми ду рӯзи ахир Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики тоҷик, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори иқтисод ва Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр расман эълон карданд, ки ба гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” пайвастаанд.
Аз ташаббускорони қаблӣ ҳозир дар ин гуруҳ, роҳбари гуруҳ, соҳибкори боздоштшуда, вазири пешини саноати Тоҷикистон, Зайд Саидов, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Маҳмудҷон Қосимов, ҳуқуқшинос ва Мавҷуда Соҳибназарова боқӣ мондаанд.
Ин гуруҳ аввали моҳи апрел аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, ба аксуламали шадиди мақомот рӯ ба рӯ шудааст.
Дар пайи аксуламалҳо ва боздошти роҳбари ин гуруҳ давоми ду рӯз аз ташаббуси таъсиси ҳизб 5 нафар даст кашиданд. Аз ҷумла рӯзи 21-уми май, Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллӣ, Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ва Бахтиёр Баҳодуров, коршиноси мустақил аз ин гуруҳ хориҷ шудаанд. Аз ин қаблтар Абдураҳим Алиев, собиқ раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Ҷамшед Ҳафизов, муовини раҳбари ширкати «Тоҷсохтмон байналмиллал» низ аз гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” хориҷ гардиданд.