Ҳукуматро ба арбитражи байналмилалӣ мекашанд
Ширкати “United Cement Group” аз болои ҳукумати Узбакистон ба арбитражи байналмилалӣ шикоят бурдааст.
Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, United Cement Group ба Маркази байналмилалӣ оид ба ҳаллу фасли баҳсҳои сармоягузорӣ дар Вашингтон алайҳи ҳалномаи мақомоти судии Узбакистон, ки бар асоси он саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри ОАО «Бекободсемент” гузошта мешаванд, шикоят бурдааст.
Ба гуфтаи ширкати United Cement Group, ки дар Қазоқистон сабти ном шудааст, вогузории саҳмияҳои он дар ихтиёри ОАО «Бекободсемент” ба нафъи худи ҳукумати Узбакистон мебошад.
Соли 2012 додгоҳи шаҳрии Тошканд як гуруҳ мудирон ва коргарони ширкати «Бекободсемент”-ро ба хотири саркашӣ аз иҷрои қавонини иқтисодӣ ва андоз ба муҳлати тӯлонӣ паси панҷара намуда, беш аз 50%-и саҳмияҳои онро барои хисороти овардааш ба буҷаи давлат дар ихтиёри Кумитаи давлатии амволи Узбакистон гузошт.
Ин дар ҳолест, қаблан коршиносони узбак изҳор доштанд, ки ҳукумати Узбакистон талош дорад, то дар чорчӯби қонунгузорӣ ҳама гуна муҳокимаҳои байналмилалии марбут ба шикоятҳои сармоягузорони хориҷиро бекор кунад.