Дар сӯхтори Екатеринбург се муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд
Дар сӯхтор дар шаҳри Екатеринбурги Русия 3 тоҷик ҳалок гардида, 6 нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари марги 3 нафар шаҳрвандони кишварро, ки дар натиҷаи сар задани сӯхтор, дар яке аз хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Екатеринбурги минтақаи Урал ба вуқуъ пайвастааст, таъйид намуд
Тавре Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ба иттилои дақиқ аз Консулгарии генералии мо дар шаҳри Екатеринбург сӯхтор шаби 21 ба 22 майи соли равон дар натиҷаи бо ҳам пеҷидани ноқилҳои барқӣ дар боми хонаи истиқоматӣ рух додааст. Дар натиҷа се нафар муҳочири меҳнатии тоҷик вафот намудаанд ва 6 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои мухталифи шаҳр интиқол ёфтаанд. Ҳуввияти ҳамаи онҳо муайян гардидааст, эшон ҳамагӣ сокинони деҳаи Томини ноҳияи Айнии Тоҷикистон мебошанд.
Феълан аз болои ин ҳодисаи нохуш Кумитаи тафтишотии шаҳри Екатеринбург парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Парвиз Асоев, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ин қазияро пурра зери назорати шахсии худ қарор додааст ва рӯзҳои наздик, баъди ба поён расидани тафтишот, ҷасади се тан аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристода хоҳад шуд. Кормандони консулгарӣ аз ҳолу аҳволи 6 тани дигар, ки дар бемористон бистариянд, огоҳанд. Вазъи саломатии ду нафари эшон нигаронкунанда буда, вазъи чор нафари дигар беҳтар аст, - мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.