Ифтиттоҳи ду маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар Ваҳдат (АКС)
Имрӯз, 22-юми май дар шаҳри Ваҳдат ду Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа кушода шуд.
Дар маросими кушодашавии марказҳои нав, муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Саид Ҷурахонов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт иштирок доштанд. Мувофиқи суханони Ҷурахонов, дар 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа кушода шуда, барои пешрафти кори кормандони марказҳо тамоми шароитҳои корӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин барои онҳо зиёда аз 200 маротиба семинару тренингҳо гузаронида шуда, 2 бор бо сафари хизматӣ ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико рафтаанд.
Сюзан Эллиотт дар баромади худ қайд намуд, ки тавассути барномаи ҳамкории милитсия боварии халқ бо кормандони ин соҳа густариш хоҳад ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта дар ду ноҳияи пойтахт “Марказҳои ҳамкории милиса бо ҷомеа” ба истифода дода шуда буд. Марказҳои мазкур дар доираи лоиҳаи бахши кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири сафорати ИМА дар Душанбе роҳандозӣ шудааст. То ҳол дар ҳудуди Тоҷикистон дар умум 23 чунин марказ кушода шудаанд.