“Save the Children” аз Тоҷикистон узр хостааст
Вилиям Линч, сарвари намояндагии созмони “Save the Children International” дар Душанбе аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон узрхоҳӣ намудааст.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, расонаҳо оморҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро гирифта аз номи “Save the Children International” ба чоп расонидаанд, ки боиси нигаронӣ шудааст: “Save the Children International” гуфтааст ба муқоисаи вазъи фавти модарону кӯдакон машғул нест. Танҳо як маҷаллаи ин созмон арқоми Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба нашр расондааст ва расонаҳо ин оморро бознашр карда, аз номи “Save the Children International” додаанд.”
“Save the Children International” барои он, ки номи Тоҷикистон бо такя ба ин созмон манфӣ матраҳ шудааст, узр хостааст.
Аввали моҳи май расонаҳо хабар доданд, ки “Save the Children International” гузорише бо номи “Зинда мондан дар рӯзи аввал”-ро нашр кардааст, ки дар он Туркманистон ва Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин макон барои таваллуд муаррифӣ шудаанд.
Дар радабандии ин созмон ин ду кишвар миёни 176 давлати дунё, ба тартиб дар мақоми 99 ва 65-ум қарор гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин феҳрист номи Қирғизистон дар мақоми 104, Узбакистон 105 ва Тоҷикистон 124-ум ҷой дода шудаанд.