Президент: Мо «Баҳори араб»-ро паси сар кардаем
Алмазбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, кишвараш яке аз суботтарин давлатҳо ба шумор рафта, дигар шоҳиди инқилоб нахоҳад шуд.
Атамбоев гуфтааст, «мо ҳар рӯз шоҳиди чандин гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ мешавем, вале дигар инқилобе ба миён нахоҳад омад. Қирғизистон «Баҳори араб»-ро паси сар кардааст».
Ба қавли раисиҷумҳури Қирғизистон, то поёни давраи риёсати ӯ 4 солу 6 моҳ ва 7 рӯз боқӣ мондааст: «Тамоми талоши худро сари он хоҳам кард, то Қирғизистон аз масири демократия берун наравад. Мардуми қирғиз дигар таҳаммули низоми худкомаро надорад».
Аммо Алмазбек Атамбоев вазъияти мазҳабии кишварашро зиёд нигаронкунанда арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳоло вазъияте пеш омадааст, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ аз дурии асли дин ба манфиатҳои шахсии худ истифода мекунанд.