Рафсанҷонӣ ва Машшоӣ аз мубориза барои курсии раёсатҷумҳурӣ маҳрум шуданд
Али Акбар Вилоятӣ, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Муҳсин Ризоӣ, Ҳасан Руҳонӣ, Муҳаммадризо Ориф, Муҳаммад Ғаразӣ ва Муҳаммад Боқир Қолибоф барои курсии раёсатҷумҳурӣ дар Эрон талош хоҳанд кард.
Бино ба хабарҳои расида, исми ду нафар аз муддаиёни калидӣ -- Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Исфандиёр Раҳими Машшоӣ дар феҳрасти пешниҳодкардаи Вазорати умури дохилӣ нест.
Тибқи муқаррароти Ҷумҳурии исломии Эрон муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ танҳо баъди таъйиди салоҳият аз сӯйи Шӯрои нигаҳбон ҳаққи номзад шуданро дарёфт мекунанд.
Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки нафари ба Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ наздик гуфта мешавад. Исфандиёр Раҳими Машшоӣ, ки ҳамчунин салоҳияташ рад шуд, аз чеҳраҳои наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳури феълии Эрон ба шумор меравад.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон 14-уми июни соли 2013 баргузор мешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки ду давраи раёсатҷумҳуриро паси сар кард, ҳаққи пешниҳоди номзадияшро надорад.
Ин 11-умин интихоботи президентӣ дар Эрон буда, мардуми дорои ҳаққи райъ ҳафтумин райисҷумҳурро интихоб хоҳанд кард.