Кабирӣ: Дашному таҳқир дар интернет беҳбудие намеорад
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз риоя нагардидани одоби баҳсу муошират аз тарафи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози нигаронӣ кард.
Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи 21-уми май, дар ҳузури ҷавонон дар дафтари марказии ҲНИТ дар Душанбе суханронӣ мекард, изҳор дошт, ки “мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонони кишвар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус “facebook”-ро ба майдони дашному таҳқири якдигар табдил додаанд.”
Ба гуфтаи раиси ҲНИТ ҷавонон дар интернет нияти ислоҳкуниро доранд, аммо шеваи интихобкардаашон нодуруст аст: “Ин ҳама ба хотири ҳадафу нияти нек мебошад. Вале нашинохтани роҳ ин маънои онро надорад, ки шумо дар роҳи ҳақ мебошад ё худ бозгӯи он нест, ки шумо дар масири нек қарор доред. Шумо мехоҳед ислоҳ кунед, вале бо роҳи таҳқиру ҳақорат натиҷааш баръакс хоҳад шуд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз фарҳанги костаи бархе аз истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, ҳушдор дода буд, ки имрӯз ин ниҳод таҷҳизоти муосиреро дар даст дорад ва қодир аст, манбаи иттилооти бардурӯғро муайян кунад ва барои ҷавобгарияш мусоидат намояд.