Иллати миллат ё Зайди «сайд»
Халили ҚАЮМЗОД
Ва боз ҳам дар бораи Зайд Саидов.
Боз омадам ба Ватан...
Боз ошно шудам бо дардҳои нави ҳамватанон. Шояд ҳамон дардҳои кӯҳна, аммо ба назарам дар либоси нав.
Алъон, саросари Тоҷикистон ва махсусан сокинони шаҳри Душанберо тақдири соҳибкори муваффақ Зайд Саидов ба ташвиш овардааст. Ҳама мепурсанд, сарнавишти баъдии ӯ чӣ мешуда бошад? Бархеҳо мегӯянд, эй кош намеомад ба Ватан ва худро ба дом намесупорд.
Пас аз тамошои як навори телевизионӣ, ки шаби гузашта пахш шуд, тасмим гирифтам субҳи имрӯз ба тамошои биноҳои аз ҷониби ширкати Зайд Саидов дар Душанбе биношуда равам. Хеле зиёд мехостам, ки онҳоро аксбардорӣ карда, рӯи саҳифаи худ дар рухнома (девори инфиродӣ дар Facebook) бикорам. Аммо борон ҳеч имкон надод, ки ин корро анҷом бидиҳам, ҳарчанд чандон кори ҷиддӣ ва мушкил набуд. Худатон медонед, ки дар ҳавои боронӣ акс на ба таври даркорӣ зебо мебарояд.
Хуллас, аз мусофиркаш поин шудаму хостам, тариқи роҳи зеризаминии назди меҳмонхонаи «Пойтахт» (собиқ Душанбе) ба марказ равам. Он ҷо чанд дӯкони рӯзномаву китобфурӯшӣ ба чашмаш расиданд. Нафаре аз дӯкондорон, ки нав мехостам чизе аз ӯ бипурсам, ки аммо ӯ пешдастӣ кард: “Ака ин китобро гирифта хонед”.
Китоб, ки ҳамагӣ ҳашт саҳифа дошту бас. Аммо номаш зебо буд, бо ҳуруфи калон навишта шуда буд: “ИЛЛАТИ МИЛЛАТ” ва дар зери ин навишта: “Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?”.
Ба худ гуфтам, аҷаб номи зебо, китоби аҷибе бояд бошад…
Аз дӯкондор пурсидам, ки ин китобро аз куҷо пайдо кардӣ, ӯ гуфт:
-Чанд дақиқа пештар оварда ба мо доданд, то ба мардум тақсим кунем.
-Кӣ дод?
-Ба фикрам, намояндаҳои мақомоти ҳуқуқ буданд.
Пас аз мутолиаи мӯҳтавои «китоб» ба андеша рафтам…Хаёлам ба дуриҳои дур парвоз кард. Ман Зайд Саидовро ҳанӯз аз овони кӯдакиам мешиносам. Солҳои навадуми қарни гузашта буд, ҳамагӣ 10-11 сол доштаму иттифоқан дар шаҳри Маскав ба меҳмонии ӯ, ба хонааш рафтем. Он замон на ҳар кас, хоса, на ҳар тоҷик метавонист мошин дошта бошад, он ҳам мошини хориҷа ва он ҳам дар пойтахти Русия. Аммо Саидов мошин дошт, тиҷорат дошт…
Зайд Саидов бо як даст таваллуд шуд. Аммо кори сад дастро кардааст.
Ҳамчун тоҷири муваффақ ӯ ҳанӯз худро дар шаҳри Маскав нишон дода буд. Он замон дар Русия ҳам кор осон набуд. Русияи солҳои навадумро намешавад бо Русияи феълӣ қиёс кард. Он замон дар Маскав “авторитетҳои криминалӣ” суккони идораро дар даст доштанд ва на ба ҳар кас муяссар мешуд, ки тиҷорат кунад.Дар ин шаҳри пурғавғову криминалӣ Зайд Саидов обрӯ дошт, ширкат дошт, мисли дигар ҳамватанон аробакаш набуд, ҷангал намебурид, роҳ намерӯфт. Зайд дар ҳамон майдони пур аз маҳдудият бозингари оҷиз нашуд, балки рӯз то рӯз рушд мекард…
Ва ҳамин кордониаш буд, ки ӯро Ҳукумати вақт ба Тоҷикистон даъват кард. Ва ӯ омад. Вазир шуд. Саноати Тоҷикистон ҳам рушд кард. Аз вазирӣ барканор шуд. Дубора ба тиҷорат машғул шуд. Тиҷораташ рушд кард, ҳазорон нафаррро соҳиби ҷои кори доимӣ кард.
Чанд рӯз пеш аз Порис боз дубора омад...Оре, омад ба Ватан…То ҳол бароям равшан нест, ки кадом соддалавҳе ба Зайд Саидов маслиҳат дод: ҳизбе таъсис бидеҳ ва кадом соддалавҳтаре ба ӯ маслиҳати ба Ватан баргаштанро дод? Ва ё худи Зайд Саидов аз ночорӣ ба сиёсат рӯй овард? Шояд эҳсоси хатарро пеш аз таъсиси додани ҳизб Зайд Саидов дарк карда буд?
Ин низом ба шинохтаи ман ба касе содиқ нест. Бо касе рафоқат накард. Дар симои ҳар нафари муваффақу тавоно ҳарифи хешро мебинад, чунки худ тавони рақобатро надорад… Ва ҳамин буд, ки ин навбат Зайдро ба сайди худ табдил дод. Сайде, ки худ омаду худро ба дом андохт.