Ҳукумати Данғара барои ҳайвоноти дайду бошишгоҳ месозад
Барои ҳайвоноти бесоҳиб ва ё ба истилоҳ «дайду» дар ноҳияи Данғара нуқтаи боздошт ва нигаҳдории махсус бунёд мекунанд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон», айни замон дар ҳудуди ноҳияи Данғара шумораи харону сагони бесоҳибмондаву дайду ҳамасола афзоиш ёфтан дорад. Ба андешаи Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳия, роҳи халосӣ аз он дар куштану ба ҳалокат расонидани ҷонварон нест. Ҳарчанд ин ҳайвонотро инсонҳо мавриди корфармоӣ қарор медиҳанд, бо гузашти мавсими корӣ онҳоро берун мекунанд. Аммо бо гузашти фасли сармо, ба хусус харонро боз барои корфармоӣ ҷамъ меоваранд. Сагони дайду низ дар аксари маврид дар кўчаву маҳаллаҳо ва деҳот зиёд мегарданд ва барои сокинон хатар эҷод мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи сагони дайду ба одамон ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифтаст, барои ҳаявони бесоҳибмонда, нуқтаҳои махсуси нигаҳдорӣ созмон диҳад.
Дар ҳоли ҳозир бо супориши раиси ноҳия, барои ҳайвони аҳолӣ, ба хусус сагон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо эмгузаронӣ ба роҳ монда шудааст ва то имрӯз тақрибан 70-фисади ҳайвони хонагӣ аз ин эм шудаанд. Гуфта мешавад, дар саросари дунё ҳайвоноту ҷонварон мавриди пуштибонӣ қарор доранд ва дар Тоҷикистон низ ин тасмим гоҳ-гоҳ аз сӯи масъулин гирифта мешавад, аммо дар ноҳияи Данғара барои аввалин бор аст, ки ҳайвоноти дайду ба ин навъи ғамхорӣ рӯ ба рӯ гаштанд. {jathumbnail off}