“Регар-ТадАЗ” дар даври 8-уми мусобиқот бо “Энергетик” рақобат мекунад
Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Се бозии аввали ин давр рӯзи шанбе, 25-уми май, баргузор мегардад. Сабқати дастаҳои “Вахш” – “Истаравшан”-ро, ки дар майдони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад, Раҳмон Муртазоев аз Душанбе доварӣ мекунад ва ба ӯ Холмурод Зардов (Душанбе) ва Мустафо Исломов (Восе) кӯмак мерасонанд. Дар ин дидор Вафо Қараев аз Шаҳринав ҳамчун довари эҳтиётӣ ширкат мекунад. Султон Қосимов (Душанбе) бошад нозири бозӣ аст.
Дастаҳои “Энергетик” – “Регар-ТадАЗ” дар майдони “Авиатор”-и Душанбе қувваозмоӣ мекунанд. Довари асосӣ: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Ёварони довар: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайёд Зайниддинов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Хайём Пиров (Шаҳринав). Нозири бозӣ: Пулод Қодиров (Душанбе).
Дастаи “Истиқлол»” бо ССКА “Помир” дар “Варзишгоҳи марказии пойтахт” ба сабқат мебароянд. Довари асосӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёварони довар: Умед Раҳимов, Сайвали Турдиев (ҳарду аз – Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Як бозии дигари даври 8-ум рӯзи 26-уми май баргузор мегардад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бо дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ мекунад. Довари асосӣ: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёварони довар: Дилшод Назиров (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе). Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:00 бо вақти Душанбе.