Толибон 15 сокини Пасаванди Афғонистонро сар буридаанд
Дар маҳаллаи Пасаванди музофоти Ғор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ҷасади бесари 15 сокини маҳаллӣ пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, ин афродро ҷангиёни Толибон сар буридаанд. Бино ба қавли Саид Анвар Раҳматӣ, волии музофот, ин афродро, ки ҳамагӣ шахсони осоишта будаанд, Толибон нахуст рабуда ва баъдан бераҳмона ба қатл расондаанд.
Раҳматӣ ҳамчунин аз вазъи музофот шадидан изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, Толибон пайваста занону кӯдаконро зери шиканҷа қарор медиҳанд. Вай аз ҳукумати марказӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати таъмини амнияти сокинон ба Ғор нерӯҳои иловагӣ фиристанд.