Амрико аз вазъи озодии дин дар Узбакистону Тоҷикистон интиқод намуд
Амрико Узбакистонро аз зумраи кишварҳое хондааст, ки дар онҳо озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд мешавад.
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ вазъи озодиҳои мазҳабии кишарҳои ҷаҳонро баррасӣ карда, Узбакистонро дар қатори 7 давлати дунё, аз ҷумла Эрон, Чин, Мянма, Арабистони Саудӣ, Судон ва Кореяи шимолӣ аз маҳдудтаринҳо хондааст.
Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, дар Узбакистон мақомот ҳамоно зиндонӣ намудани афродро ба иттиҳоми “ифротгароӣ” идома дода, монеи баргузории чорабиниҳои мазҳабӣ мешаванд ва низ адабиётҳои диниро аз байн бурда, наврасони синашон то 18-соларо аз адои фаризаҳои дини худ манъ мекунанд: “Инчунин борҳо аз шиканҷа шудани ашхоси барои эътиқоди динияшон паси панҷара нишаста дар зиндонҳои Узбакистон шикоят шудааст.”
Амрико дар ин гузориши худ дар мавриди масоили озодиҳои Тоҷикистон низ дахл карда, гуфтааст, ки Душанбе ҳаққи худ барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои мазҳабиро хеле боло мебинад ва қонунҳои маҳдудкунандаи фаъолияи диниро ба тасвиб мерасонад.
Гузоришгарони амрикоӣ инчунин афзоиши нархи сафари Ҳаҷро барои зоирони тоҷик зикр карда, гуфтаанд, афроди то 18-сола аз ин ҳақ маҳрум шудаанд.