Парвозу нишасти тайёраҳо дар фурудгоҳи Душанбе мутаваққиф шуд
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба далели номусоид будани боду ҳаво қабулу гусели тайёраҳоро мутаваққиф кардааст.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, афзуд, ки айни ҳол “ҳавои пойтахт ҳам раъд дораду ҳам барқ дорад ва тибқи меъёрҳои байналмилалии бехатарӣ парвозу нишасти ҳавопаймоҳо дар чунин ҳаво манъ аст.”
Ба гуфтаи Шодиев айни ҳол тайёраҳо аз Шарҷа ва Кобулро то хуб шудани вазъи боду ҳаво ба фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппа роҳӣ кардаанд ва тайёра аз Бишкекро пас аз парвоз бозпас ба Бишкек гардондаанд.
Инчунин айни ҳол аз фурудгоҳи Душанбе парвозҳо ба самти Маскав ва Екатеринбургу Санкт-Петербург ба таъхир андохта шуда, мусофирон дар фурудгоҳ интизори парвозанд.