Нигоҳҳо ба қазияи Зайд Саидов аз хориҷи Тоҷикистон
Сиёсатшиносони қирғиз дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав”-ро шарҳ доданд.
Бархе мегӯянд, вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон фазои сиёсии пеш аз инқилоби Қиризистонро ба ёд меорад, ки ҳукуматдорон намояндагони мухолифинро боздошт ва зиндонӣ менамуданд. Аммо ба назари Марат Казакбоев, сиёсатшиноси машҳури қирғиз, вазъи кунунии Тоҷикистон аз вазъи пеш аз инқилоби Қирғизистон дар солҳои 2005 ва 2010 ба куллӣ фарқ мекунад.
Озодагон: Шумо вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистонро дар робита ба боздошти Зайд Саидов, раҳбари ҳизби сабти номнашудаи “Точикистони нав” чигуна арзёбӣ мекунед, магар инро метавон буҳрони ҳукумат номид?
Казакбоев: Дар Тоҷикистон низоми худкомаи шадидтаре дида мешавад. Ҳама чиз зери контроли шахсии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар тамоми мансабҳои давлатӣ хешовандон ва пайвандони ӯ дида мешаванд. Аммо мухолифин зери фишор қарор гирифтаанд, аз ҷумла ҷаноби Саидов, ки як соҳибкори дорои тиҷорати хоси худ мебошад. Ӯ як ҳизби моҳиятан мухолиф, “Точикистони нав”-ро таъсис доданист ва аз ин рӯ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гардидааст. Ингуна одатҳо хосси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон мебошад. Вале бояд гуфт, ки фазои сиёсии Тоҷикистон аз фазои сиёсии доштаи Қирғизистон кулан фарқ мекунад.
Озодагон: Шумо фарқияти вазъияти Тоҷикистонро бо кишвари худ дар чӣ мебинед?
Казакбоев: Дар Тоҷикистон вазъият хеле мураккаб мебошад. Дар онҷо ҷанги шаҳрвандӣ шудааст ва мардум аз дубора ба миён омадани он хеле дар ҳарос мебошанд. Одатан дар ингуна кишварҳо барои мухолифин хеле мушкил аст. Онҳо наметавонанд монанди ҳамтоёни худ дар Қирғизистон даст ба тазоҳурот зананд ва ғ.. Мухолифин хеле заиф мебошанд.
Озодагон: Агар тамоми мухолифин ба ҳам оянду, бо номзади ягона вориди интихобот шаванд, метавонанд даъвои ҳокимият кунанд?
Казакбоев: Бале, метавонанд, вале ин ҳоло аз эҳтимол дур менамояд. Ҳоло ҳизби ҳоким бисёр қаввӣ аст, тамоми қудрат дар дасти он мебошад. Барои мухолифин бисёр мушкил аст, ба хусус баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардуми тоҷик аз он дар ҳарос ҳастанд ва аз ин ҳукумати феълӣ сӯиистифода мекунад.
Озодагон: Шумо шахсияти Зайд Саидовро чигуна арзёбӣ мекунед?
Казакбоев: Ба назари ман, Зайд Саидов як марди пешрафтае мебошад, ки хост вазъияти Тоикистонро тағйир диҳад.
Дар ҳамин ҳол сиёсатшиноси дигари қирғиз Марс Сариев, бар ин аст, ки таъсиси ҳизби Зайд Саидов дар дили ҳукуматдорони кунунии тоҷик хавферо эҷод намудааст.
Озодагон: Шумо боздошти Зайд Саидовро чигуна арзёбӣ мекунед?
Марс Сариев: Дар Тоҷикистон ҳокимият характери қабилагароӣ дошта, маълум аст, ки ҳоло зимоми қудрат дар дасти як гуруҳ қарор дорад ва дар умум метавон гуфт, ки онҳо ҳукмфармо мебошанду дигарон ба зовия ронда шудаанд. Албатта, ин маъмулан хосси кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҳоли рӯйи саҳна омадани роҳбари нав, ки соҳибкор асту андешарониаш ҷадидтар мебошад, осон метавон дарк кард, ки ба вай мушкилиҳо эҷод хоҳанд кард. Харитаи сиёсӣ одатан на он замоне тағйир мехурад, ки ҳизбҳои кӯҳна миёни худ чизеро ҳал кунанд, балки замони пайдо шудани шахс ва ҳизбҳои нав. Он вақт харитаи сиёсӣ тағйир меёбад. Аз ин лиҳоз ин як шарорае буд, ки ба ҳукуматдорон хатар овард. Ин ягона асосест, ки ҳабси вайро шарҳ медиҳад.
Дар умум агар бигирем, Саидов ягон кори ҷиддӣ ё ҷиноятеро содир накардааст. Танҳо ба ҳайси як рақиби ояндаи Эмомалӣ Раҳмон хост дар саҳнаи сиёсат мубориза барад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки инҷо дар дили ҳукуматдорони кунунӣ хавфе эҷод шудааст. Зеро Ғарб имрӯз мехоҳад, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон чеҳраҳои наве пайдо шавад, то ҳукуматро дар ин кишвар иваз кунад ва инҷо возеҳ аст, ки ҳукумати феълӣ аз ин чиз бим дорад.
Озодагон: Ба андешаи шумо, метавон вазъи сиёсии кунунии Тоҷикистонро бо вазъи сиёсии Қирғизистон, замоне дар Бишкек раҳбарони мухолифинро дар арафаи инқилоб паси панҷара мекарданд, муқоиса кард?
Марс Сариев: Тоҷикистон аз Қирғизистон бо он фарқ менамояд, ки дар он ҷанги ваҳшатноки шаҳрвандӣ рух дода буд ва мардум аз такрори он рӯзҳо сахт метарсанд. Мардуми тоҷик як давраи сангин ё худ хунрезии шадидеро аз сар гузаронидаанд. Ин чизест, ки Тоҷикистонро аз Қирғизистон ҷудо мекунад. Ман фикр намекунам, ки ин таъқибу дунболагирӣ дар Тоҷикистон як қишри инқилобчиро ба майдон даъват карда тавонад, он тавре дар Қирғизистон тавонист. Ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон як масуният ё иммунитете шудааст, ки аз инқилобҳо ҷилавгирӣ мекунад. Вазъият дар Тоҷикистон тамоман дигар мебошад.
Озодагон: Ба андешаи шумо, ин бархӯрд метавонад, ҳизби “Тоҷикистони нав”-и Зайд Саидовро машҳур кунад?
Марс Сариев: Ман фикр намекунам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба мисли ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон пешрафта бошад. Ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ҳоло дар ҳолати ибтидоӣ ё худ тавлидӣ қарор дорад ва баъд дар Тоҷикистон мардум бештар пойбанди арзишҳои мазҳабӣ, аз ҷумла исломӣ мебошанд ва контро элита метавонад танҳо дар асоси муқобалаи ҳукумати дунявӣ бо динӣ пайдо шавад. Раҳмон бисёр хуб аз ҳимояти Маскав истифода мекунад ва дар умум дар Тоҷикистон қишреро дида намешавад, ки бо кӯмаки ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои эътирозӣ ба миён орад.
Озодагон: Ба назари шумо, тақдири ояндаи Зайд Саидов, рақиби сиёсии ҳукумати кунунӣ, чигуна хоҳад буд?
Марс Сариев: Ин аз аҳдофу иродаи худи ӯ вобаста мебошад. Агар иддаои курсии президентӣ надошта бошад, пас онҳо миёни худ ба созиш меоянд ва раҳояш хоҳанд кард. Вале дар ғайри сурат возеҳ аст, ки роҳҳои паси панҷара боқӣ мондани ӯро пайдо мекунанд ва монеи ба озодӣ баромаданаш хоҳанд шуд. Ман фикр намекунам, ки ӯ манбае барои ба ҳукумат ворид шудан дошта бошад. Зеро мардуми тоҷик шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шудааст ва ин ягона чизе мебошад, ки Тоҷикистонро аз давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ фарқ мекунонад.
Озодагон: Ба назари Шумо Зайд Саидов чигуна шахс мебошад?
Марс Сариев: Шахсан ман Саидовро намешиносам, вале аз баски ӯ дар Ғарб буд, пас фаҳмида мешавад, як шахси соҳибкор асту бештар майли иқтисодиёт дорад. Одатан соҳибкорон фикрронии дигар доранд ва метавонанд, ки ба роҳбарони амалкунанда ҳамчун рақиб баромад кунанд.
Мирлан Киизбаев