Зани насронӣ: Ба занони мусалмон ҳасад мебарам...
Ҷоанна Фрэнсис, нависандаи номдори насронӣ, бо ирсоли як нома ба занони мусалмон дар бораи тақдири фоҷеабори занон дар ғарб нақл карда, миннатдории худро ба зани мусалмон изҳор менамояд. Фикру шавоҳиди худро ӯ дар як пайғом ҷой дода ба нафароне равон намудааст, ки «хоҳарони мусалмон» номидааст.
Ҷоанна Фрэнсис менависад:
Пас аз оғози «ҷанги» саҳюнистон бо «террор», ҷаҳони ислом мавзӯи вирди забони ҳар як хонаи Амрико шудааст. Ман куштор ва вайрониҳоро дар Сурия мебинам; аммо ҳамчунин чизи дигареро мебинам: шуморо. Ман наметавонам чашм пӯшам, вақте ҳар зане, ки мебинам, ё дар интизори фарзанд аст, ё дар иҳотаи кӯдакон. Ман мебинам, ки агарчи либоси ин занон соддаю оддист, аммо зебоии онҳо ҳамоно чашмҳоро хира мекунад.
Аммо ман танҳо зебоии зоҳирро намебинам. Ман ҳисси аҷиберо дар худ мушоҳида мекунам: ҳисси ҳасадро. Ман наметавонам шаъну эътибор, зебоӣ, ҳаё, ва пеш аз ҳама намудамонро, ки ба зоҳир пур аз шодист, таҳсин намоям.
Шояд то ҷое аҷиб бошад, аммо ба сари ман чунин фикр омад, ки шумо, ҳатто зери бумбборони доимӣ, боз ҳам, аз мо дида хушбахттаред. Чунки шумо ҳанӯз ҳаёти табиии занро ба сар мебаред. Он ҳаёте, ки занон аз оғози ҷаҳон доштанд. Дар ғарб занон то солҳои 60-ум ҳамин тавр зиндагӣ мекарданд, аммо дар ҳамон давра душман ба онҳо ҳуҷум намуд. Аммо ин ҳуҷум бо силоҳи ҷанг набуд, балки бо макру фиреб ва тахриби ахлоқ буд.
Онҳо моро, занони амрикоиро, зери чунин тирборон қарор доданд, аммо на аз танку ҳавопаймоҳо, балки аз Ҳолливуд. Онҳо пас аз тахриби зерсохторҳо ва бомбандозии кишварҳо бо яроқи ҷангӣ, ба шумо низ бо ҳамон аслиҳа ҳуҷум хоҳанд овард. Ман намехоҳам, ки ин фоҷиа ба сари шумо ояд.
Шумо, ҳамонанди мо, худро зерипоуфтода ҳис хоҳед кард. Шумо метавонед чунин тақдирро аз сари худ дур кунед, агар ба ҳарфи мо, нафароне, ки аллакай аз чунин амалиёт зарари зиёд дидаанд, гўш андозед. Чун ҳар чизе, ки дар Ҳолливуд истеҳсол мешавад, фиребу дурӯғ, инҳирофи ҳақиқат аст.
Онҳо алоқаи ҷинсии тасодуфиро як дилхушии оддӣ нишон медиҳанд, чунки мехоҳанд ахлоқи ҷомеаро тахриб кунанд ва сипас барномаҳои худро рўи ин хароба бидуни ҳеч зиддият ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд шуморо бо филм ва клипҳои таҳриккунанда гумроҳ кунанд ва мо, занони Амрикоро чунон нишон диҳанд, ки гӯё мо шоду хушбахтем, аз либоси монанд ба фоҳишаҳо мефахрем ва аз набудани оила розї бошем. Аммо бештари мо хушбахт нестанд, бовар кунед.
Миллионҳо занони мо бо доруҳои зидди афсурдагӣ табобат мегиранд, кори худро бад мебинанд, ва шабҳо ба хотири мардоне, ки ба ишқ фиребашон доданду оқибат истифода карда партофтандашон, мегирянд.
Онҳо мехоҳанд оилаҳои шуморо вайрон кунанд ва шуморо розї кунонанд то камтар кӯдак дошта бошед. Кӯшиш мекунанд никоҳро як шакли ғуломӣ, модариро нафратомез ва нафарони оддию покро аибмонда талақӣ кунанд. Мехоҳанд мо худро беобрӯ ва дину бовари худро гум кунем. Онҳо ба шайтон мемонанд, ки Ҳавворо бо себ ҳавасманд карда ба роҳи худ мебарад. Ба фиреб дода нашавед.
Ба андешаи ман, обрӯ ва шаъну эътибор, беҳтарин зинати зан аст, беҳтар аз сангу тилло.
Баъзеи мо фиреб хӯрдем ва ба арзиши покии шумо шак овардем… Покдомании зан бебаҳост, аммо онҳо моро бовар кунонданианд, ки он арзише надорад. Аммо, бовар кунед, чизе беҳтар аз он нест, ки дар оина нигоҳи боисмату ифат, бегуноҳию покӣ ва пур аз ҳисси эътибори шахсӣ бинед.
Мӯди либоси ғарб ба хотири он аст, ки мо бовар кунем, ки чизи пурарзиштарини мо шаҳвоният аст. Аммо либосҳои пӯшидаи шумо аз ҳама мӯдҳои ғарб дилкаштаранд. Чунки онҳо шуморо бо як пардаи асрор пӯшонда, нишондиҳандаи онанд, ки шумо қадру қиммати худро медонед. Шаҳвати зан бояд аз чашми мардум пӯшида бошад. Чунки он бояд туҳфае бошад ба он касе, ки шуморо дӯст дошта, ҳаёти худро бо шумо мепайвандад.
Аз сабаби он, ки мардони шумо ҷанговарони ҷавонмарданд, онњо сазовори шумо дар шакли беҳтаринанд. Мардони мо дигар хоҳони покизагӣ нестанд. Онҳо қимати марворидро ҳеч меҳисобанд ва ба он алмоси дар назар бошукўҳ, аммо сунъиро тарҷеҳ медиҳанд. Танҳо барои он интихоб мекунанд, ки дур андозандаш.
Чизи аз ҳама пурарзиши шумо - зебоии ботиниатон, исмату покӣ ва ҳар он чизест, ки шуморо маҳз чунин мекунад. Аммо ман шоҳиди баъзе ҳолатҳое шудам, ки занони мусалмон, ҳатто сатрдорон, аз хатти кашидашуда мегузаранд ва ба ҳар роҳ мехоҳанд ба занони ғарб тақлид кунанд.
Чаро бояд ба заноне тақлид кунед, ки аз эътибори аздастрафтаашон афсӯс мехўранд ё дар ояндаи наздик онро аз даст медиҳанд? Чизе ё касе ин талафро ҷуброн карда наметавонад. Шумо алмоси бебаҳоед, имкон надиҳед онҳо шуморо ба санги беарзиш табдил диҳанд.
Ҳама чизе, ки дар телевизион ва журналҳои ғарбӣ мебинед, дурӯғ аст.
Агар бароятон ҷолиб бошад, як сирро мекушоям: алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ он қадар ҳам хуб нест. Мо бадани худро ба мардоне, ки дӯсташон медоштем, бовар кардему супурдем. Бо гумони он, ки бо ин амал, онҳо моро дӯст дошта оиладор мешаванд. Ҳамчуноне, ки бо гузашти солҳо, мо ин амалро дар телевизион дидем. Аммо пойдевори никоҳ, бе боварӣ ба он, ки он мардон бо мо мемонанд. Ин ҳатто нофорам аст! Ин навъе тамасхур аст. Ин танҳо исрофи беҳудаи эҳсосот буд. Аз он танҳо ашк бар чашм мемонад. Ҳамчун як зан ба зани дигар муроҷиат карда истода, интизор дорам, ки шумо маро мефаҳмед. Чунки танҳо зан дар ҳақиқат метавонад дили зани дигарро дарк кунад. Мо ҳамеша яксонем. Новобаста аз нажод, дин ё миллат , дили зан дар саросари дунё яксон аст.
Мо дӯст медорем. Ин корест, ки аз дасти мо ба беҳтарин наҳв бармеояд. Мо оиларо обод мекунем, шароити бофароғатро фароҳам меорем ва ба мардони мақбули диламон қуввату тавоноӣ мебахшем. Вале мо, занони Амрико, фиреб хӯрдем ва бовар кардем, ки мо хушбахт мешавем, агар ҷои кор, хонаи шахсӣ бо ҳаёти алоҳидаю танҳо ва озодии интихоб дар ишқ дошта бошем. Ин озодӣ нест. Ин ишқ нест. Танҳо паси девори никоҳ дили зан метавонад беташвиш дӯст дорад. Ба ҳеч чизе камтар аз ин розӣ нашавед. Арзиши онро надорад. Шумо чунин зиндагиро дӯст нахоҳед дошт. Дар натиҷа, шумо худро камтар дӯст хоҳед дошт. Вақте ӯ шуморо тарк мекунад. Гуноҳ ҳаргиз шуста намешавад. ӯ ҳамеша ба шумо хиёнат хоҳад кард. Ҳатто, агарчи ман кӯшидам ному номуси худро барқарор кунам, аммо он, ки аз аввал шарманда шудам, нақши муассире дар ҳаётам гузошт.
Мо, занони ғарбро, бовар кунонданд, ки гӯё занони мусалмон зери зулму азобед. Аммо дар ҳақиқат моем, ки зулм мекашем: канизони мӯд, ки моро беобрӯ мекунад; савдоии вазни худ; талабгори муҳаббат аз мардони худ, ки намехоҳанд аз наврасию ҷавонӣ берун оянд.
Дар таҳти дил мо медонем, ки фиреб хӯрдаем. Мо дар пинҳонӣ шуморо таҳсин мекунем ва ба шумо ҳасуд мехурем, агарчӣ баъзеҳо ба ин иқрор намешаванд. Илтимос, бо мо аз боло нигоҳ накунед, ва фикр накунед ки чунин ҳолат ба мо маъқул аст.
Ин хатои мо нест. Аксари мо падар надоштем, то моро дар айёми ҷавонӣ ҳифз кунанд, чунки оилаҳои мо хароб шуда буданд. Шумо бояд донед, ки ин ҳама кори кист. Фиреб нахӯред, хоҳарони азиз. Ба онҳо иҷоза надиҳед, ки ин корҳоро ба шумо низ раво бинанд. Ҳамчунон поку боиффат бимонед. Мо, занони насронӣ аз дидани ҳаёти ҳақиқии зан шодем.
Мо ба шумо ниёз дорем, то шумо барои мо намуна бошед, чун мо гумроҳ шудаем. Покизагии худро аз даст надиҳед. Дар хотир доред, ки тири ҷаста бар намегардад. Номуси худро ба хубӣ нигаҳ доред!
Умедворам, шумо ин маслиҳати маро, ки мехоҳам бо руҳияи дӯстӣ, эҳтиром ва таҳсин ба шумо расонам, қабул намоед.
Аз хоҳари насронии шумо, бо муҳаббат
Ҷоанна Фрэнсис (ИМА).