CNPC-и Чин дар Тоҷикистон нафту газ истихроҷ мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бегоҳии рӯзи 20-уми апрел зимни сафари худ ба давлати Чин, бо Чжоу Ҷинпин, раиси Корпоратсияи миллии нафту гази ин кишвар (CNPC) мулоқот анҷом дод.
Тавре Хадамоти матбуотии президент иттилоъ дод, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ба роҳ мондан ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газро баррасӣ намудаанд.
Дар ин мулоқот зикр гардидааст, ки Корпоратсияи миллии нафту гази Чин тасмим дорад дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад.
Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати канадагии Тетис петролиум ва ширкати фаронсавии Тотал ташкил хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат қайд гардидааст, ки дар оянда ин ширкат тасмим дорад, содироти нафту газро аз конҳои ояндадори ин минтақа ба Чин ба роҳ монад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки аз ин рӯз эътиборан ҳамкории Корпоратсияи миллии нафту гази Чин бо Тоҷикистон бояд ба рӯҳи ҳамшарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя мутобиқ карда шавад.
Дар ҷараёни ин вохӯрӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расидааст.