Мӯҳтарам Дмитрий Анатолйевич! Тоҷикистон хабари ғарқшавии киштии «Булгария»-ро дар Тотористон, ки бойиси марги одамони зиёд шуд, бо андӯҳи гарон қабул кард. Дар ин лаҳзаҳои воқеан ҳам ғамангез аз номи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ менамоям.
Дар номаи дуюми Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҳомид Карзай, сарвари давлати исломии Афғонистон дар робита ба марги бародараш ирсол гардид, омадааст: «Ҷалолатмаоб, хабари ҳузнангези ҳалокати фоҷиавии бародари азизи шумо Аҳмад Валӣ Карзайро бар асари сўиқасди террористӣ бо андўҳи бузург дарёфтам.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии комили Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории ду давлат дар мубориза алайҳи нерўҳои аҳримании терроризми байналмилалӣ ва дигар хатару чолишҳои ҷадиди минтақа ва ҷаҳони муосир бори дигар таъкид менамоям. Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба шумо ва аъзои оилаи бародари марҳуматон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Худо ҷояшро ҷаннат ва маъвои охираташро пурнур гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».{jathumbnail off}