Кобул нотаи Душанберо беҷавоб гузоштааст
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба нотааш дар мавриди ҳалли мушкили ронандаҳои тоҷик дар қаламрави Афғонистон ҷавоби расмии Кобулро интизор аст.
Кобул бо гузашти беш аз 1 моҳ ба нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар хусуси мушкилоти ронандаҳои тоҷик, ки баъди боло бурдани қиммати убур аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд омадаанд, ҳанӯз ҳам посух надодааст.
Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон далели таъхири ҷавобро дар он гуфтанд, ки “ин масъала ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.”
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон ҳудуди 200 ронандаи мошинҳои боркаш дар эътироз ба боло бурдани қиммати «Road Post» (виза барои убуру мурури мошинҳо) дар назди сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омада буданд. Илёс Шарипов, яке аз ронандаҳои норозӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз афзоиши нархи «Road Post» изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, агар қимати шашмоҳаи “Road Post” дар аввал 190 доллари амрикоиро ташкил медод, ҳоло нархи семоҳаи он 540 доллар муқаррар гардидааст: “ Ҳадди ақал бо вуҷуди боло бурдани нарх вақташро кутоҳ намекарданд. Ҳоло барои мо ронандагон хеле мушкил шудааст бо чунин наргузорӣ”.
Дар назди сафорати Афғонистон дар Душанбе ба ронандаҳо гуфтанд, барои ҳалли ин мушкилашон ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки намояндагони ин ниҳод ронандагони норозиро барои ҳалли мушкилашон ба ҳузур пазируфтаанд ва барои ҳалли мушкилашон ба Кобул нотаи расмӣ фиристодаанд.
Ба қавли ронандагон бораи ин мушкили худ ба Вазорати роҳ ё нақлиёти Тоҷикистон ҳам муроҷиат карда буданд, вале натиҷеро ба даст наовардаанд.