Маҳбусон алайҳи маъмурони зиндон шоҳидӣ доданд
Имрӯз, 20-уми май, дар боздошгоҳи муваққатии сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон нахустин мурофиаи додгоҳии марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта фавтида буд, баргузор гардид.
Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ба мурофиа танҳо падару модар ва вакили дифоашонро роҳ додаанд. Ӯ аз қавли волидонаш афзуд, ки дар мурофиа шоҳидони ҳар ду тараф пурсида шудааст: “Рафаел Мақсудов, маҳбуси зиндони Душанбе аз марги Икромзода шоҳидӣ дода изҳор доштааст, чи гуна латукӯб шудани Ҳамзаро аз ҷониби маъмурини зиндон бо чашми худ дидааст. Шералӣ, маҳбуси дигар гуфтааст, дидаст, ки маъмури зиндон Тоштемуров, Ҳамзаро латукӯб кардааст. Ҷамшед, ки яке аз шоҳидони аслии марги Икромзода будааст дар рафти мурофиа шоҳидӣ додааст, ки Ҳамзаро аз ҷои хоб бурда латукӯб карданд.”
Наздикони Ҳамза мегӯяд, пас аз нисфирӯзӣ дар идомаи мурофиа шоҳидони тарафи ҷавобгар пурсида шудааст ва ҳамаи онҳо изҳор доштаанд, ки дар марги Ҳамза ягон ҳолати латтукӯбро мушоҳида накардаанд.
Ба иттилои пайвандони Ҳамза мурофиаи навбатии додгоҳӣ, фардо, 21-уми май баргузор мегардад ва дар назар аст, ки шоҳидони дигари марги Ҳамза Икромзода низ аз зиндони Хуҷанд оварда шаванду мавриди бозпурсӣ қарор гиранд.
Пайвандони Ҳамза гуфтанд, ҳарчанд талош кардаанд, ки суд на дар СИЗО балки дар толори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардад аммо хоҳиши онҳо ба инобат гирифта нашудааст.
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.