Туркманистон: Хонандаҳои синфи 1 нетбук мегиранд
Дар Туркманистон ба зиёда аз 190 ҳазор хонандаи синфи 1 нетбук туҳфа мекунанд.
Гулшод Мамедова, вазири маорифи Туркманистон гуфтааст, мехоҳад барои хонандаҳои синфи 1-уми соли хониши 2013-2014 нетбук тақдим кунад. Ба гуфтаи Мамедова қарор аст, Вазорати маорифи Туркманистон 193 ҳазору 244 нетбук харидорӣ кунад.
Манбаъ мегӯяд, як адад аз ин гуна нетбук, ки шомили барномаҳои мухталифи муосир дар заминаҳои гуногуни омӯзиш, аз ҷумла харитаи Туркманистон мебошад, ҳамчун намуна ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар пешниҳод шудааст.