Додгоҳи Сино аз саҳмдорони “Мовароуннаҳр” ҳимоят кард (АКС)
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, имрӯз, 20-уми май, даъвои саҳмдорони ширкати "Мовароуннаҳр"-ро қонеъ кард.
Бузургмеҳ Ёров, вакили дифои саҳмдорони “Мовароуннаҳр”, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт арзу даъвои зерҳимояҳояшро эътироф намуда, ҳалномаи худро ба манфиати онҳо эълон намуд: “Додраси Сино бо ҳалномаи худ амали кормандони иҷрочии судро дар мавриди ба ҳабс гирифтани амволи “Мовароуннаҳр” беасос ва ғайриқонунӣ донист. Тибқи қарори додгоҳ 8-9 биное, ки бевосита ба худи саҳмдорон тааллуқ доранд ва аз 30-юми апрели соли 2013 ба ҳабс гузошта шуда буданд, ба саҳҳомон баргардонида шаванд.”
Ба иттилои Ёров, суд дар қисми хулосавии ҳалномаи худ ҶДММ "Мовароунаҳр"-ро уҳдадор намуд, ки хонаҳо ҳарчи зудтар сохта ба саҳҳомон диҳад: "Додрас таъкид кард, ки хонаҳо ба ягон нафари бегона фурӯхта нашаванд, то ҳуқуқҳои саҳҳомон дубора поймол нагарданд.”
Саҳҳомони ҶДММ "Мовароуннаҳр иддао доранд, ки мақомоти судӣ дидаву дониста молу амволашонро озод намекунанд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, онҳо имкони давом додани сохтмонро надоранд.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилашон саҳҳомон ният доштанд, рӯзи сеюми июн дар рӯ ба рӯи бинои парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ кунанд, аммо шаҳрдорӣ иҷозат надод.