Коммунистҳои Русия ба ҷонибдории виза бо ОМ имзо ҷамъ мекунанд
Ҳизби комунистии Русия барои ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун дар мавриди ҷорӣ намудани низоми раводид миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз оғози ҷамъоварии имзо хабар дод.
Тавре сомонаи расмии Ҳизби комунистии Русия иттилоъ медиҳад, танҳо бар асоси омори расмӣ дар қаламрави ин кишвар, 10,5 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд, ки бештари ин нишондодро атбои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла 2,5 миллион шаҳрвандони Узбакистон, 1,1 миллион Тоҷикистон ва беш аз 500 ҳазорро шаҳрвандони Қирғизистон ташкил медиҳанд.
Ҳизби комунистии Русия дар торномаи худ таъкид намудааст, ки дар зудтарин вақт бояд масъалаи ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирон ба хусус барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ба баррасӣ гирифта шавад.
Инчунин ин ҳизб хостааст, ки бояд қимати пардохти суғуртавӣ барои муҳоҷирон на камтар аз 26 то 56%-и маоши онҳоро ташкил диҳад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла соҳибкори маъруфи ин кишвар, Михаил Прохоров низ барои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешниҳод карда буд, ки бо Осиёи Миёна виза ҷорӣ гардад. Аммо мақомоти баландпояи Русия гуфта буд, нияти ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёнаро надоранд. Аз ҷумла Константин Ромадановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия, визаро бо кишварҳои Осиёи Миёна хилофи аҳдофи гузоштаи Владимир Путин гуфта буд, ки ният дорад, тавассути созмони Иттиҳоди Авруосиё ҳаракати бемонеаи пул, нерӯи корӣ ва сармоягузоронро дар минтақа таъмин намояд.