Даргузашти Лутфӣ Кабирова, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ
Шаби 19-уми майи соли ҷорӣ ҳунарманди мардумии иттиҳоди Шуравӣ, Лутфӣ Кабирова аз олам даргузашт.
Дар ин бора ба хабаругзории “Озодагон” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки Лутфӣ Кабирова -ҳунарпешаи опера (сопранои лирикӣ-драмавӣ), ҳунарманди Мардумии СССР (1977) 7-уми октябри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1949 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1954 Консерваторияи Москавро хатм намудааст.
Аз соли 1954 ба ҳайси артистка дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор ва фаъолият намудааст. Дар операҳои тоҷикӣ як силсила образҳои хуб офаридааст: Нисо («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян), Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов), Сурма («Домоди номдор»-и С. Урбах), Малоҳат («Бозгашт»-и Ё. Сабзанов).
Ба иттилои Вазорати фарҳанг “дар операҳои классикии русу ғарб ва шуравӣ низ Лутфӣ Кабирова партияҳои мураккабро иҷро намудааст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Хотираи неки Лутфӣ Кабирова дар дили дӯстдорони санъати тоҷик ҳамеша зинда хоҳад монд”.