Ихроҷи 700 хориҷӣ дар 5 рӯз аз Қазоқистон
Қазоқистон дар давоми 5 рӯз ҳудуди 700 нафар аз шаҳрвандони хориҷиро аз қаламраваш берун кардааст.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, аз 13 то 17-уми май марҳалаи аввали амлиёти “Ғайриқонунӣ-2013” аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи қазоқ гузаронида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти ин амалиёт 680 нафар аз атбои кишварҳои пасошӯравӣ ва 7 тан аз шаҳрвандони давлатҳои дигар ба хотири вайрон намудани қавонини будубош дар Қазоқистон аз хоки ин кишвар хориҷ гардидаанд.
Инчунин беш аз 550 нафар аз корфармоён барои вайрон намудани қоидаҳои ҷалб ва истифодаи нерӯи кори хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, низ кормандони ин ниҳодро имкон шудааст, дар давоми ин 5 рӯз 74 нафар аз ашхоси дар пайгарди қонунӣ бударо дастгир кунанд.