Мусовии “Регар-ТадАЗ”-у “Хайр” ва пирӯзии “Истиқлол” бар “Парвоз”
Бозиҳои даври 7-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид. Рӯзи шанбе, 18-уми май, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат қувваозмои намуда бозиро мусовӣ 0:0 анҷом доданд.
ССКА “Помир”-и Душанбе бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоб техникӣ пирӯз шуд. Дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмои намуда бозиро бидуни гол мусовӣ анҷом доданд.
Бозии охирини даври ҳафтум миёни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида бо ҳисоби 0:2 ба нафъи меҳмонон-дастаи истиҷлол анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Равшан”-и Кӯлоб, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 15 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 13 имтиёз мақоми дуюмро касб кардааст.