Дархости дахолати Убайдуллоев ба қазияи Зайд Саидов
Раҳматулло Зоиров, раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон ва раҳбари ҲСДТ, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хостааст, ки ба қазияи боздошти Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” дахолат кунад.
Зоиров бо зикри он, ки Зайд Саидов, вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аст, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хостааст, ба масъалаҳои зерин равшанӣ андозад: “1.Зайд Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқии шахри Душанбе мебошад ё на? Агар вакил бошад, ӯ чигуна имтиёзҳои вакилии дар қонун зикр гаштаро, хусусан нисбати кашидан ба чавобгари чиноятӣ доро мебошад? Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе нисбати боздошт шудани вакили худ чӣ мавқеъро доро мебошад, хусусан, раиси ин мақомоти намояндагӣ, яъне бевосита М.Убайдуллоев? Ё аллакай, мақомоти намояндагии шаҳри Душанбе ба Оҷонсии фасод ё суди нохияи Фирдавсӣ оид ба чавобгарии чиноятӣ кашида шудани Зайд Саидов ризоияти худро пешаки дода буд ё на?”
Раиси консорсиюми юридикии Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои сарқонун аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамчун инсон ва шаҳрванди Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба суолҳо посух диҳаду мавқеашро нисбати қазия рӯшан созад.
Зайд Саидов, соати 3:00-и субҳи 19-уми май дар фурудгоҳ боздошт шуда, то ҳол дар бинои Оҷонсии мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.
Зайд Саидовро барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурдаанд
Оҷонсии фасод аз парвандаҳои нав алайҳи З.Саидов хабар дод
Изҳороти “Тоҷикистони нав”: Фишори мақомот азми моро намешиканад