Мусодираи 5 компютер, аснод ва 20 ҳазор $ аз дафтари Зайд Саидов (НАВШУДА)
Як гуруҳ кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар утоқи кории Зайд Саидов ва дафтари ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар маҷмааи “Маркази соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бо иҷозати додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ кофтуков гузаронда, 5 компютер, ду бастаи ҳуҷҷатҳо ва беш аз 20 ҳазор доллар маблағи нақдро бо худ бурдаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки баробари 20 ҳазору 800 доллар мақомот инчунин беш аз 21 ҳазор сомониро аз дафтари зерҳимояаш мусодира намуданд.
Ин дар ҳолест, ки гуруҳи дигари кормандони мақомот барои бозҷӯӣ ба хонаи Зайд Саидов рафтаанд. Пайвандони Саидов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, дар ҳоле, ки 11-уми май хонаашон аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буд, имрӯз, боз масъулини Оҷонсӣ иҷозатномаи дигарро пешниҳод карда, хонаро кофтуков намудаанд. Пайвандони Саидов изҳор доштанд, ки ин дафъа ҳам кормандони мақомот чизи қобили таваҷҷуҳашонро аз хона пайдо накарданд.
Худи Зайд Саидов ҳамоно дар бинои Оҷонсии мубориза бо фасод дар Душанбе қарор дорад. Шуҳрат Қудратов, вакили дигари мудофеи Зайд Саидов мегӯяд, сарфи назар аз талошҳояш аз субҳ ба ӯ иҷозаи мулоқот бо зерҳимояашро намедиҳанд.
Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” 19-уми май соати 3:00-и шаб зимни бозгашт аз Аврупо аз фурудгоҳи Душанбе ба бинои Оҷонсии фасод оварда шуд. Субҳи имрӯз ин ниҳод аз иттиҳомот ва парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов хабар дод.
Қаблан Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидов, “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро дар изофанависӣ зимни сохтумони бинои “Душанбе-Плаза” ва азхудкунии моли дигарон дар ҳаҷми калон муттаҳам карда, изҳор дошт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Додситонӣ ӯро дар бисёрзанӣ муттаҳам намуда, хонаи ӯро мавриди кофтуков қарор дода буд.
Бисёре аз коршиносон ин иттиҳомотро сохта ва супоришӣ унвон карда, ба талошҳои Саидов барои таъсиси ҳизб ва дахолат ба сиёсат марбут медонанд.
Зайд Саидов, моҳи апрели соли равон аз нияташ барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” иттилоъ дода, таъкид намуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.