ВКД дарёфти ҷасади урёни Шамсиддиновро рад кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дарёфти ҷасади Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлонро рад кард.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз, 19-уми май, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “барои тафтиши дурустии ин хабар бо ҳамаи шуъбаҳои вазорати дохилӣ дар тамос шудам. Муайян шуд, ки ин хабар дурӯғ аст ва давоми рӯзҳои охир дар Душанбе ҷасаде дарёфт нагардидааст."
Ин дар ҳолест, ки тибқи навиштаи бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 13-уми майи соли равон аз дохили дарёи Душанбе дар рӯ ба рӯи кӯчаи Машъал ҷасади урёни Салим Шамсиддинов дарёфт шудааст. Шамсиддинов, ки раҳбарии ҷамъияти узбакҳои Хатлонро ба уҳда дошт, асосан бо интиқодҳои шадидаш аз ҳукумати фаълӣ машҳур аст.
Ӯ 15-уми марти соли равон зимни дави субҳгоҳӣ ғайб зада то ҳол бедарак аст. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ғайб задани Шамсиддиновро кори дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон арзёбӣ намуда буд.