Фазлиддин Қурбонов, ки дар терроризм муттаҳам мешавад, паноҳанда будааст
Шаҳрванди Узбакистон, ки бо иттиҳоми ҷалби одамон дар амалҳои террористӣ дар Амрико боздошт шуд, мақоми паноҳандаро доштааст.
Янв Ривз, раҳбари Раёсат дар умури паноҳандаҳои штати Айдаҳо гуфтааст, Амрико Фазлиддин Қурбоновро ба ҳайси паноҳанда моҳи августи соли 2009 қабул кард ва ӯ дар шаҳри Бойсе зиндагӣ мекард.
Ривз нагуфтааст, ки ҳамроҳ бо Қурбонов хонаводаи ӯ низ ба Амрико омадааст ё не.
Фазлиддин Қурбонови 30 сола дар Амрико ба сифати ронандаи мошини боркаш фаъолият мекардааст. Ӯ 16-уми май бо иттиҳоми ҷалби одамон ба амалҳои террористӣ боздошт шуд. Қаблан, расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар додситонии иёлати Айдаҳо навиштанд, ки Қурбонов давоми як соли ахир дар ҳамкорӣ бо дигарон аз гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон бо фиристодани пули нақд ва нармафзорҳои компютерӣ, ҳимоят кардааст.
Фазлиддин Қурбонов ҳамчунин бо иттиҳоми дар ихтиёр доштани дастгоҳи инфиҷории ғайриқонунӣ ва тақсими маълумот дар бораи бомб ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ гумонбар мешавад. Аммо дар аввалин баррасии додгоҳӣ ӯ иттиҳоми мазкурро рад карда гуфтааст, "бегуноҳ аст".
Додгоҳ рӯзи сешанбеи 21-уми май тасмим мегирад, ки Қурбонов то баррасии ҳукми додгоҳ, ки 2-юми июл дар назар аст, раҳо шавад ё дар боздоштгоҳ бимонад.
Моҳи июни соли 2012 як шаҳрванди дигари Узбакистонро бо ҷурми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Барак Обама, райисҷумҳури ИМА 15 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Улуғбек Қодирови 22-сола эътироф карда буд, ки ҳадаф дошт, зимни маъракаи интихоботӣ Барак Обамаро ба қатл расонад.